Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои додгоҳи Хуҷанд барои хариду фурӯши навзод


Додгоҳи Хуҷанд се сокини ин шаҳрро бо гуноҳи хариду фурӯши кӯдаки навзод ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, додгоҳ ин афродро ба он хотир ба зиндон маҳкум кардааст, ки як модари ҷавон писари навзоди худро ғайриқонунӣ ва дар ивази 800 сомонӣ камтар аз 200 доллари амрикоӣ ба як ҷуфти дигар барои фарзандхон додааст. Ба гуфтаи мақомоти интизомии шаҳри Хуҷанд, тайи як ҳафтаи ахир онҳо, се мавриди харидуфӯруши навзодонро ошкор кардаанд.
XS
SM
MD
LG