Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад


Олмон имрӯз ба ҷойи Ҳёрст Келлер, ки моҳе пеш аз мақомаш истеъфо дод, раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад. Мақоми раиси ҷумҳур дар Олмон як мақоми ифтихорӣ аст, вале пирӯзии номзади ҳукумати эътилофии Олмон барои Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар, имтиҳони нерӯмандӣ маҳсуб мешавад. Кристиан Волф, муовини раиси Ҳизби масеҳиёни демократ ва раиси вилояти Саксонияи поён номзади ҳукумати эътилофӣ ба мақоми раёсати ҷумҳур аст. Рақиби ӯ Йоахим Гаук, як дигарандеши шинохта аз Олмони собиқи шарқӣ мебошад. Раиси ҷумҳури Олмонро 1200 намоянда, аз ҷумла вакилони порлумон ва намояндагони 16 вилояти федералӣ интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG