Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон хостори сармоягузории Чин дар роҳи оҳан шуд


Манук Вартанян-вазири нақлиёт ва алоқаи Арманистон мегӯяд, Ереван мехоҳад, ки Чин дар сохтмони роҳи оҳани миёни Арманистон ва Эрон 1-миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Баъд аз баррасиҳои чандсола ҳукуматҳои Арманистону Эрон соли 2009 ба тавофуқ расиданд, ки сохтмони роҳи оҳанро шурӯъ кунанд. Ин роҳ 470 километрро ташкил медиҳад ва барои сохтмони он аз 1,2 миллиард то 4 миллиард доллар зарур аст.

XS
SM
MD
LG