Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Петреус дар Сенат имтиҳон мешавад


Генерал Дэвид Петреус, ки аз тарафи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон интихоб шудааст, имрӯз номзадиаш ба ин мақом бояд дар Сенати Амрико ба тасвиб расад. Генерал Петреус, ки дар ҷанги Ироқ овозаву шӯҳрати зиёд касб кардааст, қарор аст дар ҷаласаи Сенат ба осонӣ мавриди ҳимояти аъзои сенат қарор бигирад. Аммо мумкин аст вай дар Кумитаи хадамоти нирҳои мусаллаҳи Амрико низ мавриди пурсиш қарор бигирад ва ба баъзе суолҳои душвор роҷеъ ба стротегияи Амрико дар Афғонистон посух диҳад. Петреус дар ин мақом генерал Стейнлӣ мак Кристалро иваз хоҳад кард, ки ҳафтаи пеш аз сӯи Барак Обама аз кор барканор шуд. Стейнлӣ мак Кристал эълон кардааст, ки вай хидмати аскарӣ дар артиши Амрикоро тарк мекунад.


XS
SM
MD
LG