Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфтушунид бо Ғарбро ба таъвиқ меандозад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт, кишвараш омодааст, ба сари мизи гуфтушунид бо Ғарб рӯи барномаи тазодомези ҳастаии Эрон баргардад, вале ин бозгашт на пештар аз охирҳои август ба амал нахоҳад омад. Раҳбари Эрон ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз ин таъхир як навъ муҷозоти Ғарб аст барои эъмоли таҳримҳои нав дар аввали моҳи июн. Аҳмадинажод ҳамчунин суханони раиси Идораи Марказии Кашфи Амрико, Леон Панеттаро рад кард, ки гуфтааст, Эрон барои тавлиди ду бомбаи ҳастаӣ урани кофӣ дорад. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ин ин иттилоъро "изтиробовар" унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG