Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Ғазнӣ боиси ҳалокати 8 нафар шуд


Имрӯз бар асари инфиҷор дар вилояти Ғазнии Афғонистон дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи полис, маводи таркандаро дар як мошини боркаш, ки болои он одамон савор буданд, мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” гузоштаанд. Миёни қурбониёни ҳодиса занону кудакон низ ҳастанд.
Дирӯз панҷ сарбози Нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон, аз ҷумла чаҳор низомӣ аз Норвегия, кушта шудаанд. Вазорати дифои Норвегия тасдиқ кард, ки низомиёнаш рӯзи якшанбе аз таркиши як минаи сарироҳӣ дар вилояти Форёб ҷон бохтаанд. Сарбози панҷум низ рӯзи якшанбе, дар як даргирӣ бо шӯришиён дар ҷануби Афғонистон, ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG