Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни даргириҳои Қирғизистон ба 283 нафар расидааст


Вазорати беҳдошти Қирғизистон аз шумораи нави қурбониёни хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар хабар дод. Бино бар изҳороти ин ниҳод, расман дар ин рӯйдодҳо 283 нафар кушта шудаанд. Аммо инҳо афроде будаанд, ки ҳалокати онҳо расман ба қайд гирифта шудааст. Бино бар маълумоти ғайрирасмӣ эҳтимол меравад, ки дар ин даргириҳои байни қирғизҳо ва узбакҳо дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободи Қирғизистон зиёда аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Бо сабаби он ки ин афрод бидуни муоинаи пизишкони осебшинос дар фурсати кӯтоҳ дафн шудаанд, марги онҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар рӯзҳои даргирӣ мақомоти расмӣ барои мардум дастнорас будаанд.
XS
SM
MD
LG