Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ISAF аз ҳалокати 5 сарбози худ хабар дод


Панҷ сарбози Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон, аз ҷумла чаҳор сарбози норвегӣ кушта шудаанд. Вазорати дифои Норвегия ҳалокати ҳарбиёни худро тасдиқ кард. Дар изҳороти он гуфта мешавад, ин сарбозон рӯзи якшанбе аз таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар вилояти Форёби Афғонистон кушта шудаанд. Сарбози панҷум низ дар рӯзи якшанбе, дар як даргирӣ бо шӯришиён дар ҷануби Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Аз аввали моҳ дар Афғонистон 90 сарбози НАТО кушта шуданд ва июн марговартарин моҳ барои нерӯҳои байнулмилалӣ шумурда мешавад. Аз аввали сол дар Афғонистон 310 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расид. Барои муқоиса талафоти нерӯҳои байнулмилалӣ дар тамоми тӯли соли 2009 ба 520 нафар расида буд.
XS
SM
MD
LG