Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Медведев аз бомбаҳои эҳтимолии ҳастаии Эрон


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, гуфт ҳушдори Идораи Марказии Кашфи Амрико, ки Эрон барои сохтани ду бомбаи атомӣ урани кофӣ омода кардааст, изтиробовар аст. Вай илова кард, "чунин иттилоъ ҳамеша изтиробовар аст, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ барномаи ҳастаии Эронро шаффоф намешуморад." Пештар раиси бунгоҳи ҷосусии Амрико Леон Панетта гуфта буд, Идораи Марказии Кашфи Амрико бар ин аст, ки Эрон ҳоло соҳиби урани кофист, ки агар роҳи ғанисозии бештари онро биёбад, метавонад, ду силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. Русия одатан аз ҳампаймонҳои Эрон буд, аммо Медведев ахиран ба нигаронии умум аз барномаи ҳастаии Эрон таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG