Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалол Талабонӣ аз Урдун боздид кард


Имрӯз шоҳи Урдун Абдуллои 2 ҳимояти комили худро аз талошҳои Ҷалол Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ дар роҳи "таъмини сулҳу субот дар Ироқ" изҳор дошт. Дар Аммон-пойтахи Урдун ҳар ду раҳбар ҳамчунин зарурати бархурди яксони кишварҳои арабӣ ба масъалаҳои Ховари Миёнаро баррасӣ карданд. Ин музокирот дар ҷараёни як боздиди ғайриинтизори Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ аз Урдун анҷом гирифт. Ироқ бояд ҳукумати нав ташкил кунад. Баъд аз интихоботи порламонии моҳи март то ҳол дар ин кишвар нируҳои сиёсӣ натавонистаанд дар бораи ташкили ҳукумат ба тавофуқ расанд.
XS
SM
MD
LG