Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар Роштқалъа


Рӯзи 26-уми июн, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон варзишгоҳи нав ба истифода дода шуд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи нав, ки дорои 2700 ҷои нишаст мебошад, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, суханронӣ кардааст.

Дар маросими кушоиши варзишгоҳ ҳамчунин раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ноҳияи Роштқалъа мулоқот анҷом дода, ба онҳо лавозимоти варзишӣ, монанди тӯр ва тӯбҳои волейбол тӯҳфа кардааст.
XS
SM
MD
LG