Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Николай Бордюжа ба Қирғизистон


Николай Бордюжа, дабири кулли Cозмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ
Николай Бордюжа, дабири кулли Cозмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ

Николай Бордюжа, дабири кулли Cозмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, рӯзи ҷумъа гуфт, раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар мавриди ироаи кӯмакҳои мушаххаси низомӣ ба Қирғизистон тасмим хоҳанд гирифт.

"Мо бовар дорем, ки Қирғизистон, имконоти кофӣ аз назари кадрҳо дорад, ки мустақилона дар қаламраваш амал кунад. Ниҳодҳои интизомӣ ба кӯмак эҳтиёҷ доранд ва ин кӯмак расонда хоҳад шуд. Ҳамаи раисони ҷумҳури кишварҳои узв гуфтаанд, ҳар кӯмаки аз дасташон меомадаро ба нерӯҳои интизомии Қирғизистон хоҳанд расонд."

Ба гуфтаи Алик Оразов, дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, ба ин кишвар аз ҷумла Русияву Қазоқистон чархбол ваъда кардаанд ва кишварҳои дигари узв мошинҳои зиреҳпӯш. Созмони Паймони низомии амнияти дастаҷамъӣ иборат, аз Тоҷикистону Қирғизистон, Русияву Ӯзбакистон ва Арманистону Белорус ҳоло қасд надоштааст, барои таъмини амният, дар ҷануби Қирғизистон, ки шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ шуд, нерӯҳои посдори сулҳ бифиристад.

Хитобаи Отунбоева ба мардуми Қирғизистон

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, дар як хитоба аз мардуми кишвараш даъват кард, ки 27 июн ба пояи қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳозир шаванд. Ба гуфтаи ӯ, қабули Сарқонуни нав маънои пирӯзии мардум бар низоми худкомаро хоҳад дошт.

Раисиҷумҳури давраи гузариш гуфт, ба ин васила мардум хоҳад тавонист, ки аз болои ришватхорӣ, ноустувории қонун ва худсариҳои идораҳои додрасонӣ низ ғалаба кунад. Роза Отунбоева дар пай таъкид кард, ки аммо нерӯҳое талош ба харҷ медиҳанд, ки референдум баргузор нагардад, то дубора ба сари қудрат биёянд ва амволи мардумро тороҷ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз 26 июн вазъи изтирорӣ дар ҷануби Қирғизистон лағв мешавад. Бино ба таъкиди Роза Отунбоева, назми қотеъ ва таъсиси сохторҳои давлатӣ фақат дар сурати қабули тарҳи нави Қонуни асосӣ имконпазир мегардад.

Чораҳои амниятӣ дар рӯзи раъйдиҳӣ

Кенгешбек Дуйшебоев, раиси кумитаи амнияти Қирғизистон, иброз дошт, ки кормандони ниҳодҳои қудратии кишвараш 27 июн амнияти раъйдиҳандагонро таъмин хоҳанд кард. Вай гуфт, баргузории референдум ҳукумати муваққат ва раисиҷумҳури давраи гузаришро қонунӣ месозад, ҳамчунин дар баргузории интихоботи парлумонии моҳи сентябр мусоидат менамояд.

Аммо Марс Сариев, яке аз коршиносони масоили сиёсии қирғиз, перомуни ин референдум назари дигар дорад. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, возеҳ аст, ки ин референдум ҳатман бояд баргузор шавад, зеро дар сурати ба даст овардани раъйҳои мусбати мардум ҳукумат мақоми қонуниро касб хоҳад кард.

Ин коршиноси қирғиз тазаккур дод, ки барқарории субот дар Қирғизистон ба натиҷаҳои ин референдум бастагии қавӣ дорад. Марс Сариев мегӯяд, аммо дар ҳамин ҳол паноҳандагони зиёд, ки шумораашон ҳатто садҳо ҳазор арзёбӣ мешавад, дар қаламрави Ӯзбакистон ҳамҷавор ба сар мебаранд, ҳамзамон ҳазорҳо гурезаи дигар имкони ширкат дар ҳамапурсиро надоранд.

Назарпурсӣ бидуни гурезаҳо?

Ба гуфтаи Марс Сариев, дар ҳар сурат ширкати паноҳандагону гурезаҳо номафҳум мондааст ва ба гумони ӯ, рейтинги ҳукумати муваққат дар миёни мардуми ҷануби кишвараш хеле коҳиш дидааст. Ба таъкиди ин коршинос, аз Бишкек боз хонда шудани нозирони САҲА низ раванди ҳодисаҳои марбут ба референдумро ба бумбаст мувоҷеҳ кардааст.

Турсунбек Охун, Омбдусмени қирғиз, мегӯяд, баъди ташаннуҷи авзоъ дар Ӯш ва Ҷалолобод мардум дарк кардааст, ки агар ҳукумати Роза Отунбоева мақоми қонуниро касб накунад, субот дар ин минтақа ҳаргиз барқарор нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун, вай ҳаргиз тарафдори натиҷаҳои манфии референдуми 27 июн нест. Вай мегӯяд, тасаввур кардан душвор аст, ки дар сурати баргузор нашудани ин ҳамапурсӣ Қирғизистонро чӣ мушкилоти умдат мунтазир хоҳад буд.

Аммо Омурбек Сувоналиев, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз мақоми сардори раёсати дохилаи вилояти Ӯш истеъфо дод, бар ин назар аст, ки референдум бо сохтакориву қонуншиканиҳо баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Сувоналиев, мардуми Қирғизистон баъди бо сохтакориҳо баргузор кардани он ҳатман ба кӯчаву хиёбонҳо хоҳад баромад ва дар муқобили ин ҳукумат эътироз хоҳад кард.

Сафари Бордюжа дар остонаи референдум

Вай гуфт, агар ҳукумати муваққат референдумро барои чанд муддат ба таъвиқ мегузошт ва барои раҳоии мардум аз вартаи ваҳму ҳарос мусоидат менамуд, он гоҳ баргузории ин референдум вокунишҳои манфиро эҷод намекард.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати муваққат, дар арафаи референдум як ҳайат ба намояндагӣ аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Николай Бордюжа, дабири ин созмон, ба Бишкек омад. Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққат вайро ба ҳузур пазируфт.

Ҳамчунин Николай Бордюжа бо Алик Орозбеков, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, мулокот анҷом дод. Гуфта мешавад, ки ин сафар дар чаҳорчӯби иҷрои тадобири қарорҳои СПАД пиёда мегардад, ки онро раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев 22 июн имзо кардааст.
XS
SM
MD
LG