Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF мунтазири иҷрои як аҳди дигари Тоҷикистон


Сандуқи байнулмилалии пул хост, то фаъолияти молии “Талко Менеҷмент” ки аз ҳамкорони наздики корхонаи азими тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон аст, таҳқиқ шавад. Люк Мойерс, намояндаи ин ниҳоди байналмилалӣ дар Тоҷикистон гуфт, бидуни тафтиши фаъолияти молии “Талко Менеҷмент”, арзёбии дурусте аз фаъолияти молӣ ва муҳосиботи корхонаи “Талко” ҳосил намешавад. Вай гуфт, давлати Тоҷикистон мувазаф аст, бар асоси аҳдаш ба Сандуқи Байналмилалии Пул то охири июн ин корро анҷом диҳад: "Ҳамчунин яке аз меъёрҳои барнома, ки бояд то охири моҳи июн иҷро шавад, эълом доир ба аудити ширкати Талко Менеҷмент аст, ки ҳамкории офшории ширкати Талко мебошад." Люк Мойерс, гуфт, ширкати “Талко Менеҷмент» дар амал як ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки дар хориҷа сабти ном шудааст. Корхонаи Талко азимтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон аст ва Сандуқи байналмилалии пул дар гузашта аз ношаффофии фаъолияти молии он ибрози нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG