Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедворӣ ва изҳори нигаронии сафири Амрико


Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Амрико барои ҳалли масъалаи вагонҳои дарбандмондаи нерӯҳои НАТО дар қавламрави Узбакистон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон саргарми музокира мебошад. Сафири Амрико ҳамчунин аз хатари ташдиди низоъи қавмӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст.



Оқои Гросс, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Мо умедворем, ки дар оянда ин борҳо ба Тоҷикистон мерасанд ва тавассути Тоҷикистон бидуни монеъа ба маҳалли таъинот хоҳанд расид».

Сафари ИМА дар Душанбе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тамоми маводи ғайринизомии мавриди ниёзи нерӯҳои байналмилаӣ ва НАТО, ки бояд аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон мунтақил шавад, мустақиман аз Узбакистон ба он кишвар фиристода мешаванд.

Гуфтанист, ки аз аввали соли равон Узбакистон дар убуру мурури вагонҳои ҳомили бору коло ба Тоҷикистон мушкил эҷод кард ва ба ин далел, дар ҳаракати вагонҳои ҳомили бор барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон тавассути Тоҷикистон низ халал ворид шуд.

Тибқи созишномае, ки соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Амрико ба имзо расид, Тоҷикистон тавофуқ намуда, ки маводи ғайри низомии марвиди ниёзи нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистонро тавассути қаламрави худ мунтақил хоҳад кард.

Аммо роҳбандии Узбакистон ба ин масъала низ соя афканд ва даҳҳо вагони ҳомили бори НАТО низ дар Узбакистон дучори мушкили убур шудаанд.

Кеннет Гросс, сафири ИМА дар мавриди ҳаводиси ахири Қирғизистон низ сӯҳбат карда ва аз хатари авҷ гирифтани низоъи қавмӣ дар минтақаи Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ кардааст.

Тасилоти бештар нашр хоҳад шуд
XS
SM
MD
LG