Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни лаҳистонӣ мехоҳанд шайпурҳои "вувузела" бихаранд


Иттифоқи касабаи "Солидарност"-и Лаҳистон мехоҳад барои истифода дар гирдиҳамоиҳои хеш аз Африқои Ҷанубӣ шайпурҳои "вувузела" харидорӣ кунад, ки акнун аз тарафи мухлисони футбол дар мусбиқаҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ба кор мераванд. Сарони ин ҷунбиш, ки як замон муборизаи зиддикоммунистиро сарварӣ карда, таърихи Лаҳистонро тағйир дод, мегӯянд, шайпурҳои вувузела имкон хоҳанд дод, ки тазоҳуроти эътироз аз вазъи иҷтимоӣ, ки тирамоҳ баргузор мешавад, пурғавғо ҷараён ёбад.
XS
SM
MD
LG