Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин як шабакаи "террористӣ" дар Шинҷонро хунсо кардааст


Чин мегӯяд, аз як ҳамлаи террористӣ дар вилояти мухтори Шинҷону Уйғур пешгирӣ кардааст. Вазорати амнияти Чин гуфтааст, бо ҳабси 10 нафар ва мусодираи маводи мунфаҷира як шабакаи террористӣ дар Шинҷон хунсо карда шуд. Пекин гурӯҳҳои ҷудоиталаби вилояти мухтори Шинҷону Уйғурро дар амалҳои террористӣ айбдор мекунад. Соли гузашта бар асари нооромиҳо дар ин ҷо наздик ба 200 нафар кушта ва садҳо нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG