Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев: Ба сиёсати Қирғизистон коре надорам


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск ҳукумати муваққати кишварашро дар заъифӣ ва нотавонӣ барои эътидоли авзоъ дар ҷануби Қирғизистон айбдор кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ талоши дахолат ба сиёсати кишварро нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ки "ман ҳоло барои таъсиргузорӣ ба сиёсат, ба раъйпурсӣ, ба ягон чиз аслан ҳеҷ талош намекунам, ҳатто кӯшиш мекунам, ки аз арзёбиҳо худдорӣ намоям. Ва аммо бо вуҷуди ин ҳама айбро ба сари мо бор мекунанд. Ман дар он чӣ, ки имрӯз дар ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад, ба ҳеҷ ваҷҳ ширкат карданӣ нестам".
Қурмонбек Боқиев ҳамчунин ҳадсзаниҳоро дар мавриди он ки ба Белорус миллионҳо доллар интиқол дода ва ба Минск барои пардохти қарзи гази Русия кумак кардааст, рад намуд.
Мақомоти Қирғизистон раисиҷумҳури собиқро дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар Бишкек дар авоили моҳи апрел айбдор мекунанд ва хостори истирдоди ӯ ба кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG