Генерал Стейнлӣ мак Кристал-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон дар Кохи Сафед паси дарҳои баста бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико 30 дақиқа гуфтугӯ дошт. Генерал мак Кристал барои суханонаш дар маҷаллаи амрикоӣ роҷеъ ба мақомоти расмии Амрико ба ин мулоқот эҳзор шуда буд. Қабл аз ин мулоқот мак Кристал бо Роберт Гейтс-вазири дифоъ ва дарёсолор Майк Муллен-раиси ситоди артиши Амрико мулоқот дошт. Вай дар мақолаи маҷаллаи "Роллинг Стоун" дар бораи Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Ричард Ҳолбрук-фиристодаи Амрико барои Афғонистону Покистон тавзеҳоти манфӣ додааст. То ҳол натиҷаҳои мулоқоти генерал мак Кристал бо Барак Обама эълон нашудааст.