Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев фирор аз Қирғизистонро кори дуруст медонад


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон мегӯяд, тасмими вай дар бораи фирор аз кишвараш ва дарёфти паноҳандагӣ дар Беларус кори дуруст аст ва вай барои ҳамеша аз сиёсат канор меравад. Вай ин нукотро имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Минск-пойтахти Беларус изҳор дошт. Боқиев гуфт, ман кори дурусте кардам, ки ба Беларус омадам, вагарна ҳоло барои нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам мешудам. Вай афзуд, ки ҳеҷ муносибате бо эъмоли нуфуз ба сиёсатмадорони Қирғизистон ё райпурсии қарибулвуқуи кишвараш надорад. Боқиев ҳамчунин раҳбарони ҳукумати муваққатиро муттаҳам кард, ки наметавонанд самарбахш кор баранд.
XS
SM
MD
LG