Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои вазири барқи Ироқ пазируфта шуд


Имрӯз Алӣ Ал Шаҳристонӣ-вазири нефти Ироқ муваққатан кори вазири барқи ин кишварро бар ӯҳда гирифт. Карим Ваҳид рӯзи душанбе баъд аз тазоҳуроти эътирозӣ дар чанд шаҳри Ироқ барои набуди нируи барқ аз мақоми вазири барқ истеъфо дод. Алӣ Ал Шаҳристонӣ то замоне кори вазири барқро низ ҳамзамон пеш хоҳад бурд, ки ҳукумат вазири навро таъйин кунад. Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ба сабаби набуди нируи барқ дар шаҳрҳои ҷанубии Ироқ дар тирандозӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон чанд нафар кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG