Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти ҷонибдорони Худойбердиев дар Хатлон


Додгоҳи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон се нафарро бо иттиҳоми исёни мусаллаҳона алайҳи давлати Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Қутфинисо Бобокалонова, додраси мурофиаи мазкур, зимни эълони ҳукми Закир Саидмуродов, Норин Шодиев ва Қосим Қарахонов, гуфт, дар муҳокимаи додгоҳӣ собит шудааст, ки ин афрод пайрави гурӯҳи ғайриқонунии сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев будаанд ва бо ҳадафи содир намудани ҷиноёт ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Эшназар Куганов, вакили мудофеи яке аз афроди мутаҳам, дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ нафари таҳти ҳимояташро ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст:

«Додраси мурофиа нисбат ба афроди судшаванда ҷазои поинтар аз ҳадди таъиншуда дар Кодекси ҷиноятиро таъин кард. Барои ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (моддаи 185, қисми 1), бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306) ва исёни мусаллаҳона ё иштирок дар он (моддаи 313) Кодекси ҷиноятии кишвар ҷазои ҳадди ақалл 15 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад...»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

"Бояд ҳукми сахттаре содир мешуд"

Толиб Назаров, сардори шӯъбаи тафтишоти ҷиноии раёсати умури дохилаи Хатлон, мегӯяд, афроди муттаҳам ҷинояткорони хатарзо ба амнияти кишвар буда, дар гузашта ҳамдасти сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев буданд ва дар тахрибкориҳои зиёд, бавижа даргириҳои солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои соли 1997-1998-и Қӯрғонтеппа даст доштаанд.

“Аз ин рӯ, мо интизор доштем, ки додгоҳ нисбат ба ин тарафдорони Худойбердиев ҳукми шадидтаре содир мекунад. Зимнан, мо бо ин ҳукм қонеъ нестем...”, - гуфт Т. Назаров.

Афроди маҳкумшуда ба 13 соли зиндон чанд моҳ қабл аз сӯйи кормандони мақомоти амниятӣ ва милиса дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд. Хусрав Ғураев, муфаттиши ин парванда аз додситонии вилояти Хатлон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки маҳкумшуда Закир Саидмуродов бо ҳадафи ҷалби одамон ба узвияти гурўҳи ғайриқонунии полковник Худойбердиев аз Узбакистон ба Тоҷикистон омадааст.

"Мо гуноҳ надорем"

Саидмуродов ҳанўз дар солҳои 1993-1995 дар қисми ҳарбии зери раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев адои хизмати ҳарбӣ карда, бо полковники шўришгар аз ҳамон солҳо шиносоӣ доштааст.

Хусрав Ғураев афзуд: «Саидмуродов ҳангоми дар ҳайати гурўҳи мансуб ба Худойбердиев буданаш аз ибтидои соли 1997 аввал дар дохили Тоҷикистон ва баъдан дар Узбакистон бо таври ошкоро ва пинҳонӣ вазъияти ноороми иҷтимоию сиёсии дар Тоҷикистон баамаломадаро истифода карда, бар зидди сохтори Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудааст. Замоне Саидмуродов бо гурўҳе аз пуштибонони Худойбердиев ҷанҷол шуда, ба Русия рафтааст. Дар Русия бо мақсади ташкили исёни мусаллаҳонаи пешгирифтаи Худойбердиев барои ҷамъ намудани гурўҳи одамон ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Русия шиносони пешинаашро барои шомил шудан ба гурўҳи ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев дар Узбакистон даъват мекунад. Баъд аз он худи Закир Саидмуродов ба Тоҷикистон меояд, бо ҳадафи содир кардани ҷиноят ва одамҷамъкунӣ…»

Закир Саидмуродов ва маҳкумшудаҳои дигар бо иттиҳомот ва ҳукми нисбаташ эълоншуда розӣ набуда, худро бегуноҳ мешуморанд.

Аммо Закир Саидмуродов ягона нафаре набудааст, ки имсол бо гумони узвият дар гурўҳи полковники ошўбгар дар қаламрави вилояти Хатлон ба даст уфтодааст. Ҳамин ҳоло додситонии минтақа ба тафтиши боз як парвандаи марбут ба пайрави Маҳмуд Худойбердиев машғул мебошад ва млисаи вилояти Хатлон ҳам мегӯяд, ду тарафдори дигари сарҳанги шӯриширо мавриди пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Дар назар аст, ки ояндаи наздик додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии боз як парвандаи марбут ба ҷонибдорони гурӯҳи ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев бипардозад.
XS
SM
MD
LG