Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори толибон ба ронандагони мошинҳои боркаш


Толибон дар минтақаи Хайбари Покистон ба ронандагони мошинҳои боркаши ҳушдор доданд, ки аз интиқоли борҳо барои нерӯҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон парҳез кунанд. Ба иттилоъи Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, эълонҳо бо ҳушдор дар деворҳои чанд бозори минтақа насб карда шуданд. Бештари ин бозорҳо дар канори роҳҳое ҷойгиранд, ки вилояти Хайбарро бо Афғонистон мепайвандад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, толибон ҳушдор додаанд, ки агар ронандагони мошинҳои боркаш аз интиқоли молу коло, маводи сӯхт, таҷҳизоти техникӣ барои нерӯҳои хориҷӣ сарпечӣ накунанд, онҳоро муҷозоти сангин интизор хоҳад буд.
Дар роҳҳои минтақаи Хайбар мошинҳо бо молу мавод барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон чандин бор ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳони “Толибон” қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG