Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Афғонистон шӯришиёнро сармоягузорӣ мекард?


Дар гузориши ҳайати Конгресси Амрико омадааст, ҳар сол Амрико ба нируҳои амниятии Афғонистон даҳҳо миллион доллар пардохт мекунад ва ин пулҳо аз роҳҳое ба ҷангсолорон ва ҳатто ба Толибон интиқол меёбад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки як шабакаи пинҳонии ҷангсолорон ва фармондеҳон ба вуҷуд омада буд, ки агар ба онҳо пул пардохт намешуд, онҳо билофосила ба корвони мошинҳо ҳамла мебурданд. Чунин кор муқаррароти вазорати дифои Амрикоро нақз мекунад ва талошҳои Амрикоро дар мубориза бар зидди шӯришиён ба нокомӣ рӯ ба рӯ мекунад. Бозрасон дар натиҷаи шаш моҳи расидагӣ ин гузоришро таҳия кардаанд ва қарор аст ин гузориш шоми имрӯз дар Конгресс мунташир шавад.
XS
SM
MD
LG