Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи ҳукуматӣ қарордоди ИРС-ро қонунӣ медонад


Бино ба хабари расонаҳои дохилии Тоҷикистон, Комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон қарордоди миёни Тоҷикистон ва ширкати "Инновейтив Роуд Солюшинз"-ро қонунӣ эътироф кард. Дар ин бора вазорати нақлиёт ва алоқа хабар додааст. Дар хабари вазорат омдааст, қарордоде, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкат ба имзо расидааст, ба ҳамаи муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат мекунад. Дар ҳайати ин комиссия намояндагон аз вазорати рушди иқтисоду тиҷорат, вазорати молия, вазорати адлия ва нақлиёту алоқа, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи умури давлатӣ ва Ожонси зиддимонополӣ шомил буданд.
XS
SM
MD
LG