Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нави низомии Туркия алайҳи ошӯбгарони курд


Туркия нерӯҳои иловагии худро ба минтақаи ҳаммарз бо Ироқ интиқол дод. Амалиёти густардаи низомӣ - вокуниш ба ҳамлаи ду рӯзи пеши ошӯбгарони курд аст, ки бар асари он 12 сарбози турк кушта шуданд. Ба иттилоъи расонаҳои хабарӣ, дирӯз чархболҳо мавқеъҳои ошӯбгарон аз Ҳизби коргарони Курдистон дар вилоятҳои Ҳақёрӣ ва Ширнакро тирборон карданд. Аз ин пеш ошӯбгарон ба як воҳиди низомӣ дар вилояти Диёрбакир ҳамла карда буданд. Дар задухӯрд як низомии турк ва чаҳор тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон, ки барои ташкили давлати мустақили курдҳо мубориза мебаранд, асосан дар манотиқи шимолии Ироқ, дар марзҳои Туркия мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG