Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Португол бар Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 7-0


Дастаи мунтахаби Португол дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи G, ки имрӯз, 21-уми июн, дар варзишгоҳи «Грин Пойнт»-и шаҳри Кейптаун баргузор шуд, бар тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби бузурги 7-0 ғалаба кард.

Р. Мейрелеш, бозигари Португол, дар дақиқаи 29-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Шаш голи дигарро С.Симау (дақиқаи 53-юм), У.Алмейда (55-ум), М.Тягу (59-ум ва 88-ум), Лиедсон (81-ум) ва К.Роналду (87-ум) дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Имрӯз, 21-уми июн, инчунин ду бозӣ дар гурӯҳи Н соати 19 миёни дастаҳои Чили – Швейтсария ва соати 23.30 миёни тимҳои Испониё – Гондурас баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG