Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи президентии Лаҳистон касе пирӯз нашуд


Дар Лаҳистон рӯзи 4-уми июл даври дувуми интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Дар даври аввал ҳеҷ яке аз номзадҳо барои пирӯзӣ раъйи кофӣ ба даст наоварданд. Кумиссюни марказии интихоботии Лаҳистон мегӯяд, 41 дарсади интихобкунандагон аз кафили раёсатҷумҳурӣ ва раиси порлумон Бронислав Комаровски ва 37 дарсад аз сарвазири собиқ ва бародари президенти пешини Лаҳистон Ярослав Качински пуштибонӣ канданд. Азбаски ҳеҷ кадоми онҳо зиёда аз 50 дарсади раъйҳоро ба даст наовард, рақобатҳо вориди давраи дувум шудаанд. Интихобот замоне эълон шуд, ки президенти Лаҳистон Лёх Качински дар суқути ҳавопаймо дар Смоленски Русия, рӯзи 10-уми апрел ҳамроҳ бо ҳамсараш ва 95 нафар аз саромадони сиёсӣ ва низомии кишвараш ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG