Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борону тарма дар Чин боиси ҳалокати 130 нафар шуд


Борону селхезӣ ва тармафуроӣ дар ҷануби Чин мунҷар ба ҳалокати беш аз 130 нафар шуд. Ба иттилоъи расмӣ, 86 нафари дигар то ҳол бе ному нишонанд ва 800 ҳазор нафар аз сӯи наҷотбахшон ба мавзеъҳои амнтар интиқол дода шудаанд. Бар асари ин офати табиӣ роҳҳову обанборҳо хароб шудаанд ва айни ҳол миллионҳо нафар ба мушкили дастрасӣ ба оби пок мувоҷеҳанд.
Боронгариҳо дар ҷануби Чин аз 13 июн ба ин сӯ идома дорад ва ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки вазъи ҳаво рӯзҳои наздик тайғир нахоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG