Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони чиноӣ аз мақомоти Фаронса кумак хостанд


Ҳазорон муҳоҷирон аз Чин ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти Фаронса ба мушкилашон дар Порис раҳпаймоӣ карданд. Раҳпаймоии эътирозӣ дар маҳаллаи Белвил баргузор шуд, ки он ҷо тайи даҳ соли ахир теъдоди чиноиҳо ба карат афзоиш ёфтааст. Онҳо моҳҳои ахир аз афзоиши ғорату яғмо ва ҳамлаҳо шикоят мекунанд. Ширкатдорони раҳпаймоӣ аз ҳукумати Фаронса даъват карданд, ки аз идомаи хушунат ҷилавгирӣ намоянд. Ҳангоми раҳпаймоӣ миёни намоишгарони наврас ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ занозанӣ ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG