Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни инфиҷорҳо дар Бағдод дақиқ шуд


Мақомоти Ироқ теъдоди қурбониёни инфиҷорҳои рӯзи якшанбе дар ғарби Бағдодро мушаххас карданд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари инфиҷори ду мошини ҳомили маводи тарканда дар назди биноҳои бонки хусусӣ ва як муассисаи ҳукуматӣ 27 нафар кушта ва 55 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ки бар асари инфиҷор ба ин биноҳо осеби ҷиддӣ расидааст.
Ин дуввумин ҳамлаи пурқурбонӣ дар чанд рӯзи ахир аст – расо як ҳафта пеш дар як ҳамлаи террористӣ дар канори Бонки марказии Ироқ 26 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG