Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хатти барқи "Хуҷанд-Айнӣ"-ро бунёд мекунад


Ширкати бузурги чиноии мавсум ба «ТБЕА» барои сохтани хатти интиқоли барқи 220-киловаттии "Хуҷанд-Айнӣ" бо ширкати "Барқи тоҷик" як созишнома имзо кардааст. Ин санад зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Шинҷону Уйғури Чин имзо шуд.

Хатти интиқоли барқи «Хуҷанд-Айнӣ» бо иқтидори 220 киловатт водии Зарафшонро бо маркази вилояти Суғд хоҳад пайваст. Ин тарҳ барои фароҳамсозии шабакаи ягонаи барқи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад.

Чжан Син, раиси ширкати «ТБЕА», гуфтааст, ҷониби Чин сохтмони хатти барқи «Хуҷанд-Айнӣ»-ро дар муддати 1,5 сол бунёд хоҳад кард. Ҳазинаи ин тарҳ 37 миллион доллар баровард шудааст.

Ин ширкати чинӣ ҳамчунин барои бунёди як истгоҳи барқи ҳароратӣ дар шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ кардааст. Аз рӯи нақшаҳои ширкати «ТБЕА» ин нерӯгоҳ то моҳи сентябри соли 2011 ба охир хоҳад расонд.

Дар мулоқоти Урумчӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои ҳамкориҳои фаъолтар намояндагии ширкати «ТБЕА» дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шавад.

Зимни сафари ҳайти тоҷикистонӣ ҳамчунин ду санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки яке тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва вилояти мухтори Шинҷону Уйғур дар бораи таҳкими равобит ва дуввумӣ - созишномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Синзян аст.

Ҳайати баландпояи Тоҷикистон раҳти раёсати президент рӯз 17-уми июн барои анҷоми як сафари серӯза вориди вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин шуд. Ҳадафи ин сафар тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва сохтмони роҳу зербиноҳо унвон шудааст.
XS
SM
MD
LG