Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дастоварди корхонаҳои санъатии Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, баъди ду соли тамоюли коҳиши тавлидоти санъатӣ, корхонаҳои кишвар тавонистанд, ин тамоюлро боздоранд. Ба гуфтаи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, тайи панҷ моҳи равон, корхонаҳои санъатӣ бо арзиши тақрибан 3 миллиард сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст. Афзоиши тавлидот асосан дар корхонаҳои коркарди фулуззот ба чамш расидааст, зеро ба гуфтаи мақомоти расмӣ, бо коҳиш ёфтани бӯҳрони молӣ, талаботи бозорҳои хориҷӣ ба фулуззоти рангаи Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG