Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими нави Би Пи дар бобати рафъи фалокати нафтӣ


Мудири ширкати BP, ки мудирияти корҳои рафъи резиши нафт дар Халиҷи Мекскира дар даст дошт, ин корро ба ӯҳдаи як раҳбари дигари ширкат гузоштааст. Тонӣ Ҳейвард, ки бритониёист, мудирияти корҳои рафъи ин фалокат дар манораи нафткашро ба Боб Дудлии амрикоӣ месупорад. Як рӯз пештар аз ин вакилони амрикоӣ, аз посухҳои Тонӣ Ҳейвард дар робита вуқӯъи ин фалокати азим дар Халиҷи Мексика қонеъ нашуданд ва ӯро танқид карданд. Рахна дар манораи нафтӣ дар моҳи апрел ва резиши нафти зиёд ба дарё дар Халиҷи Мексика ба вазъи муҳитизистӣ ва иқтисоди иёлоти наздисоҳилии Амрико зиёни бузург расонидааст.
XS
SM
MD
LG