Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи бонуфузтарин синамобазми Русия


17-уми июн дар шаҳри Маскав бо намоиши филми наворбардори шинохтаи фарансавӣ Клод Лелуш - “Ишқ чӣ метавонад оварад” 32-юм ҷашнвораи байналмилалии синамо ифтитоҳ ёфт. Дар чаҳорчӯби ҷашнвора беш аз 200 филми мухталифи ҳунарӣ, ҳуҷаттӣ ва наворҳои солҳои қаблӣ ба тамошобинон намоиш дода хоҳад шуд.

Ситораи фаронсавӣ хонум Эмануэл Беарт миёни ашхоси маъруфи синамо буд, ки дар бозшавии тантанавии 32-юм ҷашнвораи байналмилалии Маскав 17-уми июн ширкат варзиданд.

Дар Маскав хонум Беарт охирин филми худ - “Ин аз охир оғоз меёбад”-ро муаррифӣ хоҳад кард. Ин навори филмбардор Михаел Коенро, ки ҳамзамон шавҳари Эмануэл Беарт мебошад, барои сабқат дар ҷашнвораи синамоии шаҳри Канни Фаронса иҷозат надоданд.

Гуфта мешавад, сабаби роҳ наёфтани ин филм ба ҷашнвораи Канн саҳнаҳои ишқбозии воқеии Беарт бо шавҳараш будааст.

"Соли Фарона” дар Русия

Соли ҷорӣ дар Русия “Соли Фаронса” эълон шудааст ва ба ҳамин хотир ҳам ҷашнвораи синамоии имсола, ки як ҳафта идома хоҳад кард, ғолибан ба корҳои филмбардоронӣ фаронсавӣ, назири Клод Шаброл ва Люк Бессон бахшидааст. Илова бар ин Бессон раёсати ҳайати доварон ва ё жюрии ҷашнвораро бар уҳда дорад.

Андрей Плахов, мутахассиси синамо ва яке аз масъулони интихоби филмҳо барои ҷашнвора, мегӯяд, ки бо вуҷуди ин аксарияти филмҳое, ки дар сабқат ширкат мекунанд, маҳсули кори коргардонон аз кишварҳои Аврупои шарқианд.

Вай афзуд, “миёни он филмҳое, ки дар сабқати ҷашнвораи Маскав ширкат мекунанд, бисёриашон ба таърихи на чандон қадими Аврупои Шарқӣ бахшида шудааст. Замоне, ки Аврупо бо Чодари Оҳанин ба ду қисм тақсим шуда буд. Навори “Боксангер Платз” масалан дар бораи зиндагӣ дар Олмони Шарқии соли 1968 нақл мекунад. Филми наворбардорони чех - “Ҷаннати заминӣ барои дидаҳо” низ дар бораи ҳодисаҳои соли 1968 аст, вақте ки танкҳои шӯравӣ вориди Прага шуданд ва баъд аз ин дар Чехословакия чи чизҳо рух додааст. Дар бораи инкишофи ҷунбиши дигарандешӣ” ва ғайра.”

Танҳо як филми русӣ ба ҷашнвора роҳ ёфт

Баъзеҳо шикоят мекунанд, ки дар сабқати ҷашнвора ҳамагӣ як филми русӣ ширкат мекунад, дар тафовут аз соли гузашта, ки Русияро се филм намояндагӣ мекард. Он навори “Гунҷишк”-и коргардон Юрий Шиллер аст. Плахов мегӯяд, ки сабаб дар он аст, ки филмҳои русии қобили қабул камтар будааст.

Шиллер коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ аст ва дар ҷашнвора нахустин филми ҳунарии вай намоиш дода мешавад. Плахов мегӯяд, ки замони гузариш ба як тамғаи машҳур табдил ёфт. Вай ба навори коргардони украинӣ Сергей Лознитский ишора мекунад, ки барои сабқат дар ҷашнвораи Кан интихоб шуда буд.

Нахустин ҷашнвораи синамоӣ дар Маскав ҳоло соли 1935 баргузор шуда буд. Он замон раҳбарияти ҳакамонро филмбардори шинохтаи рус Сергей Эйзенштейн бар уҳда дошт. Аммо танҳо аз соли 1959 ҷашнвораи Маскав ҷашнвораи муназзам шуд ва дар ду сол як бор доир мешавад.

Солҳои 1960 ҷашнвора таваҷҷӯҳи машҳуртарин коргардонони дунёро ҷалб карда буд. Миёни ширкаткунандагон ва барандагони ҷоизаҳои он мешавад номҳои Федерико Фелинӣ, Акира Куросава, Кжиштоф Занусӣ ва Сергей Бондарчукро зикр кард.

Меҳмонони машҳури ҷашнвораи Маскав

Солҳои охир таҳти роҳбарии наворбардори баҳсбарангези рус Никита Михалков ба ҷашнвора ситораҳои бузургтарини синамои дунё, аз ҷумла Ҳарви Кейтел, Ҷек Николсон ва Жан Море, даъват мешуданд. Аммо алорағми ҳузури чунин ситораҳо ҷашнвораи Маскав ҳеҷ гоҳ ба сатҳи ҷашнвораҳои олитарин назири Кан, Венетсия ва дигарон намерасид.

Мунаққидон мегӯянд, ки ҷашнвораи Маскав натавонист ҳуввияти хоси худро касб кунад. Плахов дар мавриди расидани ҷашнвора ба чунин баландиҳо изҳори шубҳа кард. Вай гуфт, “се бузургтарин фашнвора - Кан, Венетсия ва Берлин - тамоми филмҳои ҷолибро ки ҳар сол дар тамоми дунё истеҳсол мешавад пешаки барои худ мегиранд. Ворид шудан ба ин гурҳ ба дигар ҷаншнвораҳо қариб, ки ғайриимкон аст.”

Баракс гуфт, Плахов Маскав бояд мавқеашро дар ҷашнвораҳои дасти дуввум тақвият диҳад. Аммо ин ҳам кори осон нест, чунки сабқат миёни ҷашнвораҳои саросарӣ сол то сол меафзояд.

Соли гузашта аз филмҳои ҷашнвораи Маскав 200 ҳазор нафар дидан карданд ва интизор аст, ки соли ҷорӣ шумораи тамошобинонаш боз ҳам бештар мешавад. Ҷашнвора 26 июн бо намоиши филми Люк Бессон “Моҷарои бесобиқаи Адел Бланк Сек” ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG