Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии фаъоли мухолифини Белорус дар маҳбас


Михаил Атухович, тоҷир ва фаъоли мухолифини белорус, дар зиндон даст ба гуруснанишинӣ задааст. Павел Сапелка, вакили дифоъи Атухович, ба бахши белорусии Радиои Озодӣ гуфт, ки фарди таҳти ҳимояташ гуруснанишиниро рӯзи 17 июн шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи Сапелка, Атухович чанд рӯз боз ба дарди дандони шадид гирифтор аст ва аммо масъулони зиндон аз ироаи кумаки тиббӣ ба ӯ сарпечӣ мекунанд. Арзҳои ӯ ба хадамоти тиббии ниҳоди иҷрои муҷозоти Белорус ҳам бидуни посух гузошта шудаанд. Ва аз ин рӯ ӯ ба нишони эътироз аз истеъмоли ғизо даст бардоштааст.
Атухович рӯзи 6 майи соли равон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ ва тир ба панҷ солу ду моҳи маҳбас маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG