Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои тамошои бозии футболи Ҷоми Ҷаҳонӣ


Дар кишвари африқоии Сомалӣ тамошои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба ҷонбозӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ Ҷоми ҷаҳонии футболро падидаи берун аз чорчӯби ислом арзёбӣ намуда, ҳушдор додаанд, ки бинандагони Ҷоми ҷаҳонии футболро муҷозот хоҳанд кард.

Рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Афғоӣ ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба якчанд манзил юриш намуда, ду ҳаводори футболро ҳангоми тамошои қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ба қатл расонданд. Дар ҳамин амалиёт ифротгароҳо ҳадди ақалл 30 каси дигарро ба ҳабс гирифтаанд.

Як ҳаводори футбол дар кишвари африқоии Сомалӣ мегӯяд, мо бояд бо як чашм қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро бубинем ва бо чашми дигарамон гирду атрофро муроқибат кунем, то вуруди ифротгароҳо аз назарамон дур намонад.
Гурӯҳҳои ифротгаро, ки бахши бузурги Сомалиро таҳти тасарруф доранд, ба шаҳрвандон ҳушдор доданд, ки дар ҳоли тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол онҳо дар мазҳари ом шаллоқ хоҳанд хӯрд ва ё бо муҷозоти аз он ҳам вазнинтар мувоҷеҳ мешаванд.

То кунун дар Сомалӣ бо ҷурми тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳадди ақалл ду нафар ба қатл расидаву 30 каси дигар, аз ҷумла як навраси 15 сола, боздошт шудаанд.

Барои ҷамъе боиси ифтихор, барои бархе хатари марг

Дар ҳоле ки ҳаводорони футболи саросари Африқо қуваозмоиҳои аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол дар қораи Африқоро бо ҳаяҷону ифтихор пайгирӣ мекунанд, ҳаёти ҳаводорони футбол дар Сомалӣ бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.

Маҳад Муҳаммад Ҳоҷии 15-сола капитани дастаи мунтахаби футболи Сомалӣ дар байни наврасони аз 17 сола поин мебошад. Ӯ мегӯяд, дар шаҳри Моғадишу - пойтахти Сомалӣ маҳаллаи зисти онҳоро нерӯҳои ҳомии сулҳи Иттиҳодияи Африқо муҳофизат мекунанд ва ӯ имкон дорад бидуни маҳдудият мусобиқаро тамошо кунад, вале фаъолиятҳои ифротгароҳо онҳоро низ ба ташвиш овардааст.

"Мо аз Африқо ҳастем ва ман ҳам ҷонибдори пирӯзии Африқо дар Ҷоми Ҷаҳонӣ мебошам. Имсол ман хеле хушҳолам. Вале ошӯбгарон мухолифи тамошои футбол ҳастанд. ба ҳар ҳол маҳаллаи зисти мо ором аст. Мо ҳамаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои Ҷанубиро тамошо мекунем".

Дар арафаи кушоиши бузургтарин мусобиқаи варзишии соли равон раҳбари исломиҳои Сомалӣ шайх Абу Яҳё ал-Ироқӣ эълон кард, ки бозии футбол мероси фарҳанги қадимии насронӣ буда, матмурияти исломии Сомалӣ ба ҳеҷ ваҷҳ имкон намедиҳад, мардум ин сабқатро тамошо кунад.

"Футбол - бозии шайтон"

Муовини раҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони варзишии Сомалӣ Шафеӣ Муҳиддин Абукар гуфт, дар манотиқи таҳти назорати исломиҳо мардум пинҳонӣ футбол тамошо мекунад, вале ин амал пурхатар аст.

"Ҷангҷӯён ба хонае ҳамла карданд, ки бошандагони он пинҳонӣ футбол тамошо мекарданд. Онҳо ду писари ин хонадонро, ки мехостанд аз девор ҷаҳида фирор намоянд, ба қаъл расонданд. Онҳо ҳамчунон дар Могадишу 10 каси дигарро ба ҳабс гирифтанд."


Ҳукумати давраи гузариши Сомалӣ куштор ва боздошти ҳаводорни фуъболро маҳкум намуда, афзуд, ки ҳар сокини Сомалӣ бояд имкон дошта бошад, ки бидуни хавфу ҳарос бозиҳои футболро тариқи телевизион тамошо кунад.

Ду гурӯҳи асосии ифротгароҳои Сомалӣ, Ҳизб-ул-Ислом ва Аш-Шабоб дар манотиқи таҳти назораташон шариати исломиро ба таври шадид ҷорӣ намудаанд. Онҳо футболро бозии шайтон номида, сар аз соли 2006-ум тамошои футболро манъ кардаанд. Дар соли 2007-ум нерӯҳои мусаллаҳи Эфиопия исломгароҳоро аз Сомалӣ берун намуданд, вале бо мурури замон исломиҳо ба Сомалӣ баргашта, ҳоло бахши бузурги ин кишварро ба тасарруф дароварданд. Дар солҳои нооромӣ ҳазорҳо сокини Сомалӣ ҳаёташонро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG