Филип Кровли, сухангӯи вазорати корҳои хориҷи ИМА дар ин бора баъд аз сӯҳбати телефонии Ҳилари Клинтон вазири хориҷаи Амрико бо раисиҷумҳури даври гузори Қирғизистон Роза Отунбоева хабар дод.
Ӯ гуфт: “Амрико акнун ваъда додааст, барои расонидани ёрии фаврии башардӯстона ва кӯмак дар истиқрори субот 6,5 миллион доллар ихтисос диҳад. Интиқоли ин сармояи иловагӣ аз тариқи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID сурат мегирад. Мо ниёзҳои Қирғизистон ба кӯмак ва вазъи паноҳандагонро пайгирӣ намуда, агар зарур шавад ёрии иловагӣ ихтисос хоҳем дод”.
Филип Кровли ҳамчунин гуфт, Роберт Блейк, муовини вазири корҳои хориҷӣ, ки барои омӯзиши вазъ ба Тошканд рафта буд, рӯзи ҷумъа аз Бишкек боздид карда, бо ҳукумати муваққати Қирғизистон машваратҳои бевосита анҷом хоҳад дод.
Кровли вазъи Қирғизистонро бӯҳрони башарии изтирорӣ номид.
Кӯмакҳо ба паноҳандагон
Ин дар ҳолест, ки нахустин ҳавопаймоҳо бо кӯмакҳои башардустонаи байналмилалӣ ба Қирғизистон ворид шудааст. Ҳавопаймои СММ бо 800 адад хайма барои паноҳандагони Қирғизистон дирӯз дар шаҳри Андиҷони Узбакистон фуруд омад.
Каме дертар дар онҷо як ҳавопаймоии боркаши Комисариёи СММ дар умури паноҳандагон низ фуруд омад. Гуфта мешавад, ки то охири ҳафта барои кӯмак ба хушунатзадагони даргириҳои Ӯшу Ҷалалобод СММ дар 6 ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардустона равона мекунад.
Матбуъоти расмии Русия хабар дод, ки дирӯз ба фурудгоҳи Бишкек 3 ҳавопаймои вазорати изтирории Русия ҳомили хаймаву кӯрпа барои хушунатзадагон расидааст.
Дар натиҷаи хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон наздик ба 200 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 75 ҳазор узбактаборони он кишвар ба қаламрави Узбакистони ҳамсоя фирор намуданд.
Ҳушдор аз эҳтимоли фоҷеъаи башарӣ
Антонио Гутеррес, комиссари СММ дар умури паноҳандагон дар сӯҳбат бо радиёи Олмон ҳаводиси ҷануби Қирғизистонро фалокат хонда, гуфт, ки он метавонад ба фоҷеъаи башарӣ табдил ёбад.
Северин Чапаз, муовини мудири Салиби сурхи байналмилалӣ низ вазъро бҳрони амиқ арзёбӣ намуд.
Бунёди атфоли СММ ё UNICEF аллакай ба Қирғизистон аз Тошканд кӯрпаву доруворӣ фиристодааст, аммо фирориён шикоят мекунанд, ки касе ба ҳоли онҳо намерасад.
Тибқи иттилои хабарнигорон шаҳрдории Ӯш ба тасфияи шаҳр шурӯъ кард ва хӯроквории асосӣ аз рӯи мошинҳои боркаш фӯрухта мешавад. Дар шаҳр ҳузури зиёди низомиён ба назар мерасад.
Боздошти наздикони Қодирҷон Ботиров
Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ аз боздошти наздикони Қодирҷон Ботиров, раиси ҷамъияти ӯзбектаборони вилояти Ҷалолобод итиилоъ дод. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз афроди боздоштшуда дар тахрибкориҳо ва ба низоъ кашидани ду қавми қирғ ва ӯзбак муттаҳам хоҳанд шуд. Азимбек Бекназаро гуфт, ки онҳо пеш аз убури марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон боздошт шудаанд.
Қодирҷон Ботиров, ки баъди ҳодисаҳои 7 -уми апрел фавран аз ҳукумати муваққатӣ пайравӣ карда буд, 13-14 май ба иттиҳоми таъсиси беназмиҳо дар шаҳри Ҷалолобод ва шиорҳои ҷудоихоҳӣ муттаҳам шуд. Мардуми ба шӯромада донишгоҳи ӯзбеку қирғиз дар шаҳри Ҷалолободро, ки гуфта мешавад, бо маблағи вай бунёд шудааст, оташ задаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки Қодирҷон Ботиров дар куҷо паноҳ бурдааст.