Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи дигар барои ирсоли корвони кӯмак ба Ғазза


Як гурӯҳи тарафдори фаластиниён дар Туркия имрӯз эълом кард, ки корвони дигари киштии кӯмакҳои башариро моҳи оянда ба Навори Ғазза хоҳад фиристод. Бунёди ҳуқуқи инсон, озодӣ ва кӯмакҳои имдодӣ, ё IHH ба вакилони порлумони Аврупо гуфт, шаш киштии кӯмакҳои башариро омода кардааст ва аз дигарон ҳам хостааст, ба ин корвон бипайванданд. Корвони ахири IHH-ро Исроил боздошт кард. Корвони оянда нимаи дуввуми моҳи июн ба роҳ мебарояд. Гурӯҳи мазкур расонаҳои байналмилалиро даъват кардааст, то борҳои киштиҳоро таҳқиқ кунанд. Исроил мегӯяд, гурӯҳи имдодии туркӣ бо тундравон иртибот дорад, иддаъое, ки IHH рад мекунад.
XS
SM
MD
LG