Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон ба Тошканд дар мавриди вагонҳои Тоҷикистон


Ширкати роҳи оҳани Эрон бо дастури раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақомоти Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи манъи вагонҳои Тоҷикистон Эрон транзити қаторҳои Узбакистон аз қаламрави худро маҳдуд хоҳад кард.

Беҳрӯз Баландӣ, масъули ширкати роҳи оҳани Эрон, дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин иқдом бо дастури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ва Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷии кишвар, анҷом шудааст.



Ҷаноби Баландӣ гуфт, "ҳадафи аслии ин иқдом кумак ба Тоҷикистон аст". Ба қавли ӯ, Эрон унвонии мақомоти Туркманистон низ номае ирсол намуда хоҳиш кардааст, ки транзити қаторҳои Узбакистон ба Эронро аз 10-уми июн бад-ин сӯ қабул накунанд.

Узбакистон: "Дигар мушкил эҷод намешавад"

Дар ҳамин ҳол Акрамҷон Абдуллоев, муовини раиси ширкати «Темир йулларӣ»-и Узбакистон дар посух ба номаи Эрон гуфтааст, ки дар транзити колоҳо ба Тоҷикистон дигар мушкил Эҷод намешавад.

Боздошти қаторҳои ҳомили коло барои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки бо сармояи Эрон бунёд мешавад, низ таъсир гузоштааст.

Беҳрӯз Баландӣ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир қаторҳои ҳомили борҳои Эрон барои сохтмони «Сангтӯда-2» аз банд раҳо шудаанд ва 20 қатори дигар аз Эрон ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд.

Вагонҳои Хатлон ҳануз дар банданд

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Андрей Тропин, масъули «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар ҳоли ҳозир ҳудуди 600 вагони марбут ба вилояти Хатлон дар қаламрави Узбакистон нигоҳ дошта мешавад. Ва теъдоди умумии вагонҳои манъшуда ҳудуди 1300 адад аст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд тавофуқ карда буданд, ки ба истиснои борҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, барои боқӣ вагонҳо монеа лағв хоҳад шуд.

Андрей Тропин, масъули роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ду рӯз қабл бо намояндагони роҳи оҳани кишвари ҳамсоя дар тамос шудааст, вале онҳо ҷавоб додаанд, ки дар мавриди чунин тавофуқ дастуре надоранд.

Саидҷон Ёдгорӣ, раиси хадамоти роҳи оҳани Хатлон мегӯяд, хисороти ворида ба молу амволи тоҷирон дар ҷараёни транзитро бояд тарафи масъул, яъне Узбакистон пардохт кунад. Ин раванд бо расидагии комиссияи махсус дар ҳамкорӣ бо палатаи савдо баррасӣ шуда, ба додгоҳи иқтисодӣ пешниҳод мешавад.

Барои мисол вай гуфт, ки ахиран ширкати "Газпромнефт"-и Тоҷикистон аз кутоҳиҳои тарафи Узбакистон ба додгоҳи иқтисодӣ барои даҳҳо ҳазор доллар хисорот шикоят бурдааст.

Даҳҳо миллион хисороти муҳосираи иқтисодӣ

Ин дар ҳолест, ки тарафи Тоҷикистон аз боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ва дар фасли кишти баҳорӣ сари вақт нарасидани маводи сӯхт ва таҷҳизот даҳҳо миллион доллар хисорот дидааст.

Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, собит кардани ин хисорот маҳз ба кутоҳии Узбакистон кори мушкил аст. Дар ҳоле, ки худи Узбакситон низ аз манъи қаторҳо ва коҳиши транзит беш аз 100 милион доллар зарар дидааст. Ҷониби Узбакистон ин хисоротро таъйид кардааст.

Аммо ба эътиқоди коршиносон, пофишориҳои ахири Ислом Каримов дар мулоқоти рӯбарӯи бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи манъи қаторҳои ҳомили коло барои нерӯгоҳи Роғун далели он аст, ки ин иқдоми Узбакистон ҷуз аз ҳадафи сиёсӣ чизи дигареро ба дунбол надорад.
XS
SM
MD
LG