Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон иддаои Бейболовро комилан рад кард


Тоҷикистон изҳороти Қубат Бейболов-муовини раиси Кумитаи Амнияти Милии Қирғизистонро дар бораи он, ки гӯё дар нооромиҳои ҷануби Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд, комилан рад кард. Двлат Назрӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, террористҳо қавму миллат надоранд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори умед кард, ки раҳбарияти ҳукумати муваққатии Қирғизистон тавони онро дорад, ки аз изҳороти бӯҳтонангез ва беасоси баъзе аъзои ҳукумат ва кормандони он пешгирӣ кунад. 14-ӯми июн Бейболов изҳор дошта буд, ки дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон гурӯҳҳои махсус машқдидаи Тоҷикистон даст доранд. Онҳо дар мошинҳои шишаҳояшон сиёҳ пайдо шуда, ҳам узбакҳо ва ҳам қирғизҳоро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ба гуфтаи Бейболов, гӯё ин гурӯҳҳо зархаридони хонаводаи Боқиевҳо будаанд.
XS
SM
MD
LG