Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар истеъфои Лужковро мехоҳанд


Фаъолони ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, дар моҳи июн як эътирози густардаро таҳти унвони “Рӯзи хашм” бо талаби истеъфои шаҳрдори Маскав Юрий Лужков доир хоҳанд кард.
Сергей Удалтсов, ҳамоҳангсози Ҷабҳаи чап, як ҷунбиши мухолифини Русия гуфт, ташкилдиҳандагон алакай аз мақомоти Маскав барои як гирдиҳамоӣ дар рӯбарӯи дафтари кори Лужков расман иҷозат хостаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчунин мехоҳанд, таҳқиқи мӯшикофонаи фаъолиятҳои Юрий Лужков дар шаҳрдории пойтахти Русияро талаб гузоранд.
XS
SM
MD
LG