Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе изҳороти Бойболовро радд кард


Имрӯз вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз вазъи пешомада дар Қирғизистони ҳамсоя изҳори нигаронии амиқ карда, аз ҳамаи ҷонибҳои зидахл даъват кардааст, ба рӯёрӯиҳо поён дода, шароитро барои ҳалли сулҳомези низоъ муҳайё созанд. Давлат Назрӣ, раҳбари раёсати иттилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон Қувват Бойболов дар мавриди аз сӯи як гурӯҳи тахрибкори аз Тоҷикистон омада таҳрик шудани ошӯбҳои Ӯшро қотеъона радд кард. Ӯ аз мақомоти Бишкек даъват кард, пеши роҳи чунин баёнияҳои “бемасъулиятона ва иғвоангез”-ро бигирад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон тайи 2 рӯзи охир бори дуввум аст, ки даст доштани атбоъаш дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистонро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG