Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо паёми вижае ба Амрико муроҷиат хоҳад кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имшаб дар робита ба талошҳои маъмурияташ ҷиҳати рафъи авоқиби хуруҷи нафт ба обҳои халиҷи Мексика бо паёми вижаи телевизионие ба мардум муроҷиат хоҳад кард. Кохи Сафед гуфт, Обама дар ин паём нақшаи рафъи ин офати зистмуҳитӣ ва ҳам барномаи коҳиш додани вобастагии Амрико аз маводи сӯхти истихроҷиро ироа хоҳад кард.Ин суханронии Обама дар пайи сафари тайи қариб 2 моҳи охир чоруми ӯ аз манотиқи аз хуруҷи нафт осебдида аст.
Хуруҷи нафт аз як чоҳи марбут ба ширкати бритониёии ВР дар 20 апрел обҳои халиҷи Мексикаро нафтолуд кард ва оби олуда алакай ба соҳилҳои аёлатҳои Луизиана, Миссиссиппӣ, Алабама ва Флорида асобат кардааст.
XS
SM
MD
LG