Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри матни қонуни "пешвои миллат" дар Қазоқистон


Матбуоти давлатии Қазоқистон имрӯз тарҳи қонун дар бораи мақоми вижаи раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоевро нашр кард. Ин қонун ба Назарбоев мақоми “пешвои миллат”-ро эъто карда, ҳатто баъд аз рафтанаш аз мақом ҳам сухани ниҳоиро дар таъйини сиёсати кишвар барои ӯ боқӣ мегузорад. Назарбоев ва аҳли хонаводаи ӯ ҳамин тавр, аз ҳар навъ эҳтимоли таъқиб масуният пайдо мекунанд.
Ин қонунро ҳарду маҷлиси парлумони Қазоқистон ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи май тасвиб карданд, вале Назарбоев аз имзо кардани он даст кашида гуфт, “пешвои миллат” мақоме нест, ки тавассути фармону қонун бишавад эъмолаш кард.
XS
SM
MD
LG