Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз тими Бразилия вориди сабқат мешавад


Имрӯз, дар рӯзи 5-уми марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ тимҳои Зеландияи наву Словакия, Соҳили Оҷу Португалия ва ҳамчунин Бразилияву Кореяи шимолӣ ба дидори ҳам хоҳанд рафт. Дирӯз дар Ҷоми ҷаҳонӣ Ҳолланд бар Дания бо ҳисоби 2 бар 0 ва Ҷопон бар Камерун бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омаданд. Рақобати миёни қаҳрамони кунунии ҷаҳон , тими Итолиё ва Парагвай бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG