Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2010: Ҷопон ҳам шаҳди пирӯзӣ чашид


Дар сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ ҷараён дорад, як бозӣ дар гурӯҳи Е анҷом ёфт. Дастаи Ҷопон дар варзишгоҳи шаҳри Блумфонтейне аз болои дастаи Камерун бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Голро ба дарвозаи ҳариф Кейсуке Ҳонда, футболбози дастаи ЦСКА-и Маскав, ворид кард.
Аз ин пеш дар варзишгоҳи шаҳри Йоханнесбург дастаи Ҳуланд аз болои дастаи Дания бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда буд.
Имрӯз ҳамчунин дастаҳои Италияву Парагвай бо ҳам бозӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG