Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орифов: Аз Қирғизистон 45 ҳазор ӯзбак фирор кардаанд


Абдулло Орифов, муовини сарвазири Ӯзбакистон, хабар дод, ки то имрӯз вилоёти ҷанубии Қирғизистонро 45 ҳазор ӯзбактаборҳо тарк кардаанд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Ӯзбакистон бархе аз гузаргоҳҳои марзияш бо Қирғизистонро дубора бастааст. Расонаҳои қирғизӣ бо такя ба шоҳидон навиштанд, ки марзбонҳои ӯзбак ба тақрибан ду ҳазор нафар иҷозаи убур аз гузаргоҳи “Хонобод”-ро надоданд. Муовини сарвазири Ӯзбакистон сабаби ин тасмимро ташреҳ накардааст.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх низ барои дақиқ кардани теъдоди ӯзбактабороне талош дорад, ки бар асари нооромиҳо ва таъқибу фишор аз Қирғизистон фирор намудаанд.
XS
SM
MD
LG