Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони нави Ироқ иҷлоси нахустинро даъват мекунад


Баъд аз интихоботи порламонии моҳи марти Ироқ қарор аст имрӯз нахустин иҷлоси порламони нав даъват шавад. Бо вуҷуди он, то ҳол дар Бағдод дар бораи ташкили ҳукумати ҷадид ба тавофукуқ нарасидаанд. Бино ба гузоришҳои расида аз Ироқ, шояд чанд ҳафта ё чанд моҳ ба нируҳои сисёсии Ироқ вақт лозим аст, то онҳо дар бораи нахуствазири нави Ироқ ба тавофуқ расанд. Иёд Алавӣ-нахуствазири собиқ ва раҳбари эътилофи фаромазҳабӣ дар интихоботи 7-ӯми март нисбат ба рақиби интихоботии худ, яъне нахуствазири кунунӣ каме бештар рай ба даст овард. Ин ду эътилоф дар гузашта бо ҳам ҳукумат ташкил кардаанд, вале баъд аз интихоботи ахир то ҳол дар бораи ташкили ҳукумат ба тавофуқ нарасидаанд. Порламони Ироқ дорои 325 курсӣ аст.
XS
SM
MD
LG