Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Сипоҳи посдорони инқилоб ба мухолифин


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бори дигар тарафдорони мухолифинро аз рехтан ба хиёбонҳо дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ ҳушдор дод. Ризо Фарзона, як фармондеҳи аршади Сипоҳ гуфт, ҳар навъ эътирози мухолифин бо тамоми нирӯ муқобила хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе, 12 июн, дар солгарди интихоботи Эрон, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд ва мавҷи мухолифатҳои густарда ва гоҳо хушунатомезро ба бор овард, ягон тазоҳуроти эътирозӣ доир нашудааст. Ин хомӯшӣ дар пайи тасмими ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, аз рақибони аслии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли гузашта, ҷиҳати лағви гирдиҳамоиҳои барномарезишуда аст.
XS
SM
MD
LG