Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи хушунатҳои хунин дар Мексика


Бар асари як силсила задухӯрдҳо дар Мексика дастикам 39 нафар кушта шудаанд. Бино ба хабарҳо, шоми панҷшанбе дар шаҳри Чиуачҳуа дастикам 30 нафари мусаллаҳ ба як маркази табобати мӯътодони маводи мухаддир ҳамла карда, 19 нафарро ба ҳалокат расондаанд. Дастикам 20 тани дигар дар як хушунати зоҳиран марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Чиудад Мадеро кушта шудаанд. Дар чунин хушунатҳои марбут ба маводи мухаддир аз замони ба курсӣ нишастани раисиҷумҳури кунунии Мексика Фелипе Калдерон, ки алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар ҷанг эълон кард, то 23 000 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG